سوره‌ها

جزء

بسم الله الرحمن الرحیم

ﭿ
يا ايها الذين امنوا لا تتخذوا عدوي وعدوكم اولياء تلقون اليهم بالمودة وقد كفروا بما جاءكم من الحق يخرجون الرسول واياكم ۙ ان تومنوا بالله ربكم ان كنتم خرجتم جهادا في سبيلي وابتغاء مرضاتي ۚ تسرون اليهم بالمودة وانا اعلم بما اخفيتم وما اعلنتم ۚ ومن يفعله منكم فقد ضل سواء السبيل ۱
ayati Эй касоне, ки имон овардаед, душмани Ману душмани худро ба дӯстӣ ихтиёр накунед. Шумо бо онон пайғоми дӯстӣ меафканед ва ҳол он ки онҳо ба сухани ҳаққе, ки бар шумо омададст, имон надоранд. Ва ба он сабаб, ки ба Худо — Парвардигори худ имон оварда будед, паёмбар ва шуморо берун ронданд. Агар барои ҷиҳод дар роҳи Ман ва талаби ризои Ман берун омадаед, дар ниҳон бо онҳо дӯстӣ накунед ва Ман ба ҳар чӣ пинҳон медоред ё ошкор месозед, огоҳтарам. Ва ҳар кӣ чунин кунад, аз роҳи рост гумроҳ гаштааст.
ان يثقفوكم يكونوا لكم اعداء ويبسطوا اليكم ايديهم والسنتهم بالسوء وودوا لو تكفرون ۲
ayati Агар бар шумо даст ёбанд, душманӣ мекунанд ва ба озоратон дасту зйбон мекушоянд ва дӯст доранд ки шумо низ кофир гардед.
لن تنفعكم ارحامكم ولا اولادكم ۚ يوم القيامة يفصل بينكم ۚ والله بما تعملون بصير ۳
ayati Дар рӯзи қиёмат на хешовандон бароятои нафъ кунанд, на фарзандонатон. Худо миёнатон ҷудои меандозад ва амалҳоятонро мебинад.
قد كانت لكم اسوة حسنة في ابراهيم والذين معه اذ قالوا لقومهم انا براء منكم ومما تعبدون من دون الله كفرنا بكم وبدا بيننا وبينكم العداوة والبغضاء ابدا حتى تومنوا بالله وحده الا قول ابراهيم لابيه لاستغفرن لك وما املك لك من الله من شيء ۖ ربنا عليك توكلنا واليك انبنا واليك المصير ۴
ayati Иброҳим ва касоне, ки бо вай буданд, он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд, ки мо аз шумо ва аз он чӣ ҷуз Худои якто мепарастед, безорем ва шуморо кофир мешуморем ва миёни мову шумо ҳамеша душманиву бадбинӣ хоҳад буд, то вақте ки ба Худои якто имон биёваред, бароятон некӯ муқтадое (пешвое) буданд. Магар он гоҳ ки Иброҳим падарашро гуфт, ки барои ту бахшоиш металабам, зеро наметавонам азоби Худоро аз ту дафъ кунам. Эй Парвардигори мо, бар Ту таваккал кардем ва ба Ту рӯй овардем ва ба сӯи туст бозгашт!
ﯿ
ربنا لا تجعلنا فتنة للذين كفروا واغفر لنا ربنا ۖ انك انت العزيز الحكيم ۵
ayati Эй Парвардигори мо, моро чунон макун, ки кофирон хор дорандамон. Ва моро бибахшо, ки Ту ғолибу ҳакимӣ!
لقد كان لكم فيهم اسوة حسنة لمن كان يرجو الله واليوم الاخر ۚ ومن يتول فان الله هو الغني الحميد ۶
ayati Онҳо некӯ муқтадое (пешвое) ҳастанд барои шумо — барои касоне, ки ба Худову рӯзи қиёмат умед доранд. Ва ҳар кӣ рӯйгардон шавад. Худо беэҳтиёҷу соҳиби шукр аст!
۞ عسى الله ان يجعل بينكم وبين الذين عاديتم منهم مودة ۚ والله قدير ۚ والله غفور رحيم ۷
ayati Шояд Худо миёни шумову касоне, ки бо онҳо душманӣ мекунед, дӯстӣ падид оварад. Худо қодир аст ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст.
ﭿ
لا ينهاكم الله عن الذين لم يقاتلوكم في الدين ولم يخرجوكم من دياركم ان تبروهم وتقسطوا اليهم ۚ ان الله يحب المقسطين ۸
ayati Худо шуморо аз некӣ кардан ва адолат намудан бо онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, бознамедорад. Худо касонеро, ки ба адолат рафтор. мекунанд, дӯст дорад.
انما ينهاكم الله عن الذين قاتلوكم في الدين واخرجوكم من دياركم وظاهروا على اخراجكم ان تولوهم ۚ ومن يتولهم فاولايك هم الظالمون ۹
ayati Фақат Худо аз дӯстӣ кардан бо касоне, ки бо шумо дар дин ҷангидаанд ва аз сарзамини худ берунатон рондаанд ё дар берун ронданатон ҳамдастӣ кардаанд, шуморо манъ мекунад. Ва ҳар кӣ бо онҳо дӯстӣ кунад, аз ситамкорон хоҳад буд.
ﯿ
يا ايها الذين امنوا اذا جاءكم المومنات مهاجرات فامتحنوهن ۖ الله اعلم بايمانهن ۖ فان علمتموهن مومنات فلا ترجعوهن الى الكفار ۖ لا هن حل لهم ولا هم يحلون لهن ۖ واتوهم ما انفقوا ۚ ولا جناح عليكم ان تنكحوهن اذا اتيتموهن اجورهن ۚ ولا تمسكوا بعصم الكوافر واسالوا ما انفقتم وليسالوا ما انفقوا ۚ ذالكم حكم الله ۖ يحكم بينكم ۚ والله عليم حكيم ۱۰
ayati Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъмине, ки муҳоҷират (тарки Ватан) кардаанд, ба наздатон оянд, онҳоро бисанҷед. Худо ба имонашон донотар аст. Пас агар донистед, ки имон овардаанд, назди кофирон бозашон нагардонед. Зеро инҳо бар мардони кофир ҳалол нестанд ва мардони кофир низ бар онҳо ҳалол нестанд. Ва ҳар чӣ он кофирон барои ин гуна занон нафақа кардаанд, бипардозед. Ва агар онҳоро никоҳ кунед ва маҳрашонро бидиҳед, гуноҳе накардаед. Ва занони кофири худро нигоҳ надоред. Ва ҳар чӣ нафақа кардаед, аз мардони кофир бихоҳед ва онҳо низ ҳар чӣ хазина (нафақа) кардаанд, аз шумо бихоҳанд. Ин ҳукми Худост. Худо миёни шумо ҳукм мекунад, ва Ӯ донову ҳаким аст!
وان فاتكم شيء من ازواجكم الى الكفار فعاقبتم فاتوا الذين ذهبت ازواجهم مثل ما انفقوا ۚ واتقوا الله الذي انتم به مومنون ۱۱
ayati Ва агар яке аз занони шумо ба кофирон пайваст ва он гоҳ ба интиқом аз кофирон бархостед, ба касоне, ки занонашон рафтаанд, ба миқдори нафақае, ки кардаанд, бипардозед ва аз Худое, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед!
يا ايها النبي اذا جاءك المومنات يبايعنك على ان لا يشركن بالله شييا ولا يسرقن ولا يزنين ولا يقتلن اولادهن ولا ياتين ببهتان يفترينه بين ايديهن وارجلهن ولا يعصينك في معروف ۙ فبايعهن واستغفر لهن الله ۖ ان الله غفور رحيم ۱۲
ayati Эй паёмбар, агар занони мӯъмин назди ту омаданд, то баъат (аҳду паймон) кунанд, ба ин шарт, ки ҳеҷ касро бо Худо шарик накунанд ва дуздӣ накунанд ва зино накунанд ва фарзандони худро накушанд ва фарзандеро, ки аз они шавҳарашон нест, ба дурӯғ ба ӯ нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек нофармонии ту накунанд, бо онҳо байъат кун ва барояшон аз Худо бахшоиш бихоҳ, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст!
ﭿ
يا ايها الذين امنوا لا تتولوا قوما غضب الله عليهم قد ييسوا من الاخرة كما ييس الكفار من اصحاب القبور ۱۳
ayati Эй каооне, ки имон овардаед, бо мардуме, ки Худо бар онҳо хашм гирифтааст, дӯстӣ макунед. Инҳо аз охират ноумеданд, ҳамчунон ки он кофироне, ки инак дар гӯранд, аз охират ноумеданд.
مشاری راشد العفاسی
قرآن - سوره ۶۰ ممتحنه - آیه ۱
مشاری راشد العفاسی ترتیل
حالت پخش
تکرار آیه
مکث
اسکرول خودکار

باید بخوانید

اپ سلام قرآن

اپ شماره یک قرآن در کره زمین

اپ سلام قرآن
لطفا برای بهرمندی از تجربه مطلوب‌تر از مرورگرهای مطرح استفاده کنید.