سوره‌ها

جزء

بسم الله الرحمن الرحیم

هل اتى على الانسان حين من الدهر لم يكن شييا مذكورا ۱
ayati Дар ҳақиқат бар инсон муддате аз замон гузашт ва ӯ чизе зикршуда набуд.
انا خلقنا الانسان من نطفة امشاج نبتليه فجعلناه سميعا بصيرا ۲
ayati Мо одамиро аз нутфае омехта биёфаридем, то ӯро имтиҳон кунем. Ва шунавову бинояш сохтаем.
انا هديناه السبيل اما شاكرا واما كفورا ۳
ayati Роҳро ба ӯ нишон додаем. Ё шукргузор бошад ё ношукр.
ﯿ
انا اعتدنا للكافرين سلاسل واغلالا وسعيرا ۴
ayati Мо барои кофирон занҷирҳову ғулҳо ва оташи афрӯхта омода кардаем.
ان الابرار يشربون من كاس كان مزاجها كافورا ۵
ayati Некон аз ҷомҳое менӯшанд, ки омехта ба кофур аст,
عينا يشرب بها عباد الله يفجرونها تفجيرا ۶
ayati чашмае, ки бандагони Худо аз он менушанд ва онро ба ҳар ҷое, ки мехоҳанд, равон месозанд.
يوفون بالنذر ويخافون يوما كان شره مستطيرا ۷
ayati Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе, ки шарри он ҳама ҷоро гирифтааст, метарсанд.
ويطعمون الطعام على حبه مسكينا ويتيما واسيرا ۸
ayati Ва таъомро дар ҳоле, худ дӯсташ доранд, ба мискину ятим ва асир мехӯронанд,
انما نطعمكم لوجه الله لا نريد منكم جزاء ولا شكورا ۹
ayati шуморо фақат барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на музде мехоҳем на шукре.
انا نخاف من ربنا يوما عبوسا قمطريرا ۱۰
ayati Мо аз Парвардигори худ метарсем, дар рӯзе, ки он рӯз рӯйҳо турш мешавад ва тарснок аст.
ﭿ
فوقاهم الله شر ذالك اليوم ولقاهم نضرة وسرورا ۱۱
ayati Худо онҳоро аз бадии он рӯз нигаҳ дошт ва ононро таровату шодмонӣ бахшид,
وجزاهم بما صبروا جنة وحريرا ۱۲
ayati Ба мукофоти сабре, ки кардаанд, биҳишту ҳарир дод.
متكيين فيها على الارايك ۖ لا يرون فيها شمسا ولا زمهريرا ۱۳
ayati Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд на ҳеҷ офтобе мебинанд ва на хунукии сахте.
ودانية عليهم ظلالها وذللت قطوفها تذليلا ۱۴
ayati Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад.
ويطاف عليهم بانية من فضة واكواب كانت قواريرا ۱۵
ayati Косаҳои нуқрагину кӯзаҳои шароб миёнашон ба гардиш дармеояд.
قوارير من فضة قدروها تقديرا ۱۶
ayati Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андоза пур кардаанд.
ويسقون فيها كاسا كان مزاجها زنجبيلا ۱۷
ayati Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад,
عينا فيها تسمى سلسبيلا ۱۸
ayati аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд.
۞ ويطوف عليهم ولدان مخلدون اذا رايتهم حسبتهم لولوا منثورا ۱۹
ayati Ва писароне ба гирдашон мечарханд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ марвориди парокандаанд.
واذا رايت ثم رايت نعيما وملكا كبيرا ۲۰
ayati Чун бингарӣ, ҳар чи бингари неъмат фаровон аст ва фармонравоии бузург.
عاليهم ثياب سندس خضر واستبرق ۖ وحلوا اساور من فضة وسقاهم ربهم شرابا طهورا ۲۱
ayati Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси сабз ва истабрақ. Ва ба дастбандҳое аз нуқра зинат шудаанд ва онҳоро Парвардигорашон шароби пок бинӯшонад.
ﯿ
ان هاذا كان لكم جزاء وكان سعيكم مشكورا ۲۲
ayati Ин мукофоти шумост ва аз кӯшишатон шукргузорӣ шудааст.
انا نحن نزلنا عليك القران تنزيلا ۲۳
ayati Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, нозил кардане некӯ!
فاصبر لحكم ربك ولا تطع منهم اثما او كفورا ۲۴
ayati Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ гуноҳкор ё носипосе итоъат макун!
واذكر اسم ربك بكرة واصيلا ۲۵
ayati Ва бомдодну шамгоҳон номи Парвардигоратро бар забон биёвар.
ومن الليل فاسجد له وسبحه ليلا طويلا ۲۶
ayati Дар қисме аз шаб саҷдааш кун ва дар ҳамаи дарозии шаб тасбеҳаш гӯй!
ان هاولاء يحبون العاجلة ويذرون وراءهم يوما ثقيلا ۲۷
ayati Инҳо ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душворро паси пушт мепартоянд.
نحن خلقناهم وشددنا اسرهم ۖ واذا شينا بدلنا امثالهم تبديلا ۲۸
ayati Мо одамиёнро офаридем ва аъзову пайвандҳояшонро нерӯманд гардонидем ва агар хоҳем, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем.
ان هاذه تذكرة ۖ فمن شاء اتخذ الى ربه سبيلا ۲۹
ayati Ин пандест. Пас ҳар кӣ хоҳад роҳе ба сӯи Парвардигори худ интихоб кунад.
ﭿ
وما تشاءون الا ان يشاء الله ۚ ان الله كان عليما حكيما ۳۰
ayati Ва шумо ҷуз он намехоҳед, ки Худо хоста бошад зеро Худо донову ҳаким аст!
يدخل من يشاء في رحمته ۚ والظالمين اعد لهم عذابا اليما ۳۱
ayati Ҳар касро, ки бихоҳад, шомили раҳмати худ созад ва барои ситамкорон азобе дардовар омода кардааст.
مشاری راشد العفاسی
قرآن - سوره ۷۶ انسان - آیه ۱
مشاری راشد العفاسی ترتیل
حالت پخش
تکرار آیه
مکث
اسکرول خودکار

باید بخوانید

اپ سلام قرآن

اپ شماره یک قرآن در کره زمین

اپ سلام قرآن
لطفا برای بهرمندی از تجربه مطلوب‌تر از مرورگرهای مطرح استفاده کنید.